баргард чоп кардан

«Қуръон» дар ҳавопаймоҳои ширкатҳои туркӣ

Дар тайёраҳои туркӣ аз ин ба баъд мусофирон метавонанд қироати Қуръони азимро истеъмоъ фармоянд.


Чунин имкониятро ширкатҳои ҳавопаймоии туркӣ дар тайёраҳои ба тозагӣ харидоришудаи "Боинг 777" барои мизоҷон манзур намудаанд. Мусофирон бо истифода аз дастгоҳи махсус сураи дилхоҳро аз  Қуръони маҷид интихоб намуда, гӯш мекунанд.
Тавре хабаргузории “ “Хабартурк” менависад, дар толорҳои ҳавопаймо мусофирон метавонанд, қироати Қуръонро ҳам бо забони арабӣ ва ҳам бо забони туркӣ бишнаванд. Ба ғайри ин, бино ба навиштаи ин расона, дар ин тайёраҳо беш аз 350 филм, садҳо албоми мусиқӣ, барномаҳои телевизионӣ насб шуда, ҳамзамон мусфоирон метавонанд ба мусофирони дигари толори тайёра занг бизананд ва ё паёмак (СМС) бифиристанд.