баргард чоп кардан

Суғд:Мардҳо ҳам ба идораҳои кор бо занону оила шикоят мебаранд

Тайи соли 2011 дар Марказҳои иттилоотию машваратии назди бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру навоҳии вилоят 5.292 муроҷиати шаҳрвандон  баррасӣ шудааст.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз ин теъдод 4.025 нафарро занон ва 1.243 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Муроҷиатҳо оид ба муаммоҳои марбут ба Кодекси замин 892 адад, Кодекси оила 1.632 адад, барои гирифтани зоднома ва шиноснома 917 адад,  масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 574 адад, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оилаҳои муҳоҷирон 411 адад, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд 275 адад  ва дигар шикоятҳо 853 адад  муҳокима шудаанд.     
Ҳамзамон, аз ҷониби ҳуқуқшиносони ин марказ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 150 нафар арзу шикояти шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.