баргард чоп кардан

16 милиса дар шимоли Тоҷикистон қонунро «сарфи назар» намуданд

Дар Суғд 16 нафар кормандони милиса дар давоми соли 2011 ҷиноят содир намуданд.


Дар ин бора ба журналистон дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ сардори раёсати корҳои дохилии вилояи Суғд  Шариф Назаров иттилоъ дод. Ӯ  афзуд, ин дар ҳолест, ки соли 2010, аз тарафи кормандони милиса ҳамагӣ 7 ҷиноят содир шуда буд.Ҷаноби Назаров ҳамчунин гуфт, ки соли 2012 дар вилояти Суғд  «Соли пешгирии ҷиноят» эълон  мешавад.