баргард чоп кардан

Ду райиси суд ҷиноят содир намуда, равонаи зиндон гаштанд

Соли гузашта дар Тоҷикистон як судя барои содир намудани ҷинояти характери коррупсионӣ дошта равонаи зиндон шуд.


Нусратулло Абдуллоев, райиси Додгоҳи олии кишвар зимни як нишасти хабарӣ, ки нимаи аввали имрӯз, 13.01.2012 сурат пазируфт, дар ин бора иброз дошт.
Номбурда, ки аз кори яксолаи ин ниҳод ҳисобот медод, дар ҷавоб ба суоли хабарнигори хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Соли сипаришуда, райиси суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо содир намудани ҷинояти характери коррупсионӣ дошта- «гирифтани пора» муттаҳам дониста шуд ва бо ҳукми Суди олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардид». Абдуллоев афзуд, райиси суди ноҳияи Ҷилликули ҳамин вилоят низ бо ҳукми Суди олии Тоҷикистон маҳкум шуд, аммо ҷинояти содирнамудаи ӯ характери коррупсионӣ надошт.
Манбаъ афзуд, дар соли 2011  68 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 139 нафар баррасӣ шудааст, ки аз ин шумора 63 парванда нисбати 126 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ, 1 парванда нисбати 1 нафар бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ва пешбурди 4 парванда нисбати 12 нафар бо татбиқи қонун афв ва бинобар пушаймонӣ аз кирдор қатъ карда шудаанд: «Аз 226 нафари маҳкумшудагон ба 109 нафараш ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла нисбати 13 нафар ҷазои якумра, ба 12 нафар ҷазои ҷарима, нисбати 1 нафар ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ таъин карда, нисбати 4 нафар ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст».