«Қиссаи як духтар» дар як театри Душанбе
Дар чорчӯби лоиҳаи байналмиллалӣ оид ба назорати маводи мухаддир дар назди сафорати ИМА дар Душанбе тарҳи вижае роҳандозӣ мегардад.
Тибқи иттилои расида, зимнан «Барномаи паст намудани талабот нисбати маводи мухаддир» хоҳишмандонро ба намойиш, ки “Қиссаи як духтар” ном дорад (аз тарафи гурӯҳи театрии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Ғамхорӣ” ба намоиш гузошта мешавад) ва дар тетри Маяковский баргузор мегардад, даъват менамояд.
Бино ба қавли манбаъ, намоиш имрӯз соати 17-30 сурат мепазирад. Барои дарёфти маълумоти бештар ба бону Парвина Бобоҷонова бо телефони 907 981 224 ё тавассути почтаи электронӣ babadzhanova.p@gmail.com тамос бигиред.