баргард чоп кардан

Арӯс ба хотири домод 64 кило хароб шудааст

Арӯсе, ки вазнаш баробар ба 140 килограмм будааст, ба хотири либоси арӯсӣ 64 кило хароб шудааст. Бет Уиллери 36 сола, сокини шоҳигарии Сомерсет аз сабаби дар либоси арӯсӣ нағунҷиданаш, ҷашни арӯсиашро 1 сол қафо гузошта, дар ин муддат 64 кило хароб шудааст.

Бино ба қавли худи ӯ, аз хурдӣ худро дар либоси арӯсӣ духтари нозукандому сарвқад тасаввур мекардааст ва вақте аз сӯи дӯстдоштааш таклифи хонадоршавӣ сурат гирифтааст, ӯ 1 сол мӯҳлат хостааст. Дар ин муддат ин бону ғизои худро танҳо аз сабзавоту меваҷот таҳия карда, ба тарбияи бадан машғул шудааст ва дар ниҳоят 64 кило вазни зиёдатии худро дур андохтааст. "Ҳеч як дугонаи ман бовар надошт, ки ман аз вазни зиёдатиам раҳо хоҳам шуд. Танҳо домодшаванда ҳамҷониба маро дастгирӣ мекард. Ва акнун барои ин кораш ӯро мукофот интизор аст", мегӯяд арӯсшаванда. Дар баробари вазни зиёдатӣ арӯси акнун «сабуквазн» аз бемориҳои зиёд, аз ҷумла диабети қанд ва мондашавии доимӣ низ  раҳоӣ ёфтааст.