баргард чоп кардан

17 хонаводаро аз «макони тилло»-и Ховалинг мекӯчонанд

Қарор аст дар соли ҷорӣ  17 оила аз деҳаи Сари Қопони ноҳияи Ховалинг ба дигар манотиқи кишвар кӯч банданд.


Вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмуддинов сабаби аслии кӯчонидани ин хонводаҳоро дар макони тилло ҷойгир будани манзили зисташон арзёбӣ намуд. Ба иттилои вазири молия, ин гурӯҳ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ худсарона дар он минтақа хона сохтаанд. Акнун барои ба ҷойи дигар ҳиҷрат карданашон аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои онҳо ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.