баргард чоп кардан

Сохтмончиён ғайб заданд

Ширкати «Чимсохт», ки дар асоси тендер барои корҳои сохтмонӣ ва  соҳилмустаҳкамкунӣ дар рӯди Сурхоби ноҳияи Восеъ ғолиб дониста шуда буд, баъди анҷоми  корҳо бо маблағи ҳамагӣ 120-ҳазор сомонӣ тарки ҷойи фаъолият кардааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ, ин ҷамъияти сохтмонӣ муваззаф буд, то ба маблағи беш аз 748-ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро дар соҳилҳои рӯди Сурхоб ба анҷом расонад.

Нуруллоҳ Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Восеъ ба хабарнигори минтақавии «Озодагон» гуфт, «корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби сохтмончиёни ин ташкилот ба сифати паст амалӣ мешуданд. Аз ин хотир, фармоишгар Нурулло  Худойдодов, сардори хоҷагии оби минтақаи Кӯлоб, корро манъ карда, аз пудратчӣ қотеона талаби корҳои сохтмониро бо сифати хуб ва ҷавобгӯйи қоидаҳои сохтмонӣ намуд. Пудратчӣ, дар навбати худ аз ин талаботи фармоишгар ранҷида, инак беш аз 1-моҳ мешавад, ки ба якборагӣ ғайб задаст».   Ин дар ҳолест, ки тайи ин муддат касе аз пудратчӣ пурсиш намекунад ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ гузаронида намешаванд,  хатари селхезӣ бошад, ҳамоно таҳдид мекунад.

Нурулло Мирзоев мегӯяд, соли равон барои соҳилмустаҳкамкунии рӯди Сурхоб   аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон 1 миллиону 262 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ки аз он ҳамагӣ 634 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаст.