баргард чоп кардан

Забту мусодираи беш аз 16 кило нашъа

Дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ҳамадонӣ 16 килограму 550 грам маводи мухаддири навъи бангдона кашф ва мусодира карданд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» ёрдамчии сардори ШКД, майори милиса Маҳмадалӣ Шарифов иттилоъ дод. Бино ба қавли манбаъ, як сокини рустои Чубаки ҳамин ноҳия дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи «Сурхоб» аз ҷониби кормандони милиса боздошт гардида, ҳангоми ҷустӯҷӯ аз ӯ ба миқдори зикршуда маводи бангдона дарёфт гардид. Нисбати ин ҳодиса дар ШКД парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расида, барои моҳиятан дида баромадан ба суд ирсол дода шудааст.
Гуфтанист, тайи соли гузашта  дар ҳудуди ноҳия аз қочоқчиёни маводи мухаддир ва нашъаҷаллобон ба миқдори зиёда аз 140 килограм маводи нашъадор ёфт ва мусодира шудааст, ки аз ин 97 килограмаш аз ҷониби кормандони милисаи ноҳия ошкор гаштааст.
Ҳамзамон, дар соли сипаригашта нисбат ба 2 нафар, як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва як шаҳрванди ҷумҳурии Афғонистон, ки дар ҳудуди ноҳия боздошт гашта буданд, бо ҷурми ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳу муҳиммоти ҷангӣ парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расидааст. Бо ҳукми суди ноҳия, ҳар ду ҷинояткор ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон гаштаанд. Кормандони ШКД ҳамчунин, 16 адад яроқи гуногун, аз ҷумла 2 мусалсали тамғаи Калашникуф, 7 адад таппончаи Макаруф, 1 карабин, 3 яроқи шикорӣ, 3 корди ҷангӣ, 3 норинҷаки дастӣ ва 5 адад тирдону 600 дона тирҳои ҳархела аз махфигоҳҳо ва сокинони алоҳида  дарёфт ва мусодира кардаанд.