Зиндониёни фаронсавӣ китоби тартиби омода кардани хӯрокҳоеро, ки масрафи камтарини анвоъро талаб мекунад, таълиф кардаанд.
Ин китоб «Ман худам хӯрок мепазам» ном дошта, аз сӯи маҳбусон таҳия шудааст. Бино ба қавли коршиносон ғизоҳое, ки аз рӯи ин асар омода гардидаанд, хеле бомазза ва нерӯбахш будаанд.
Аз ҷумла ин китоб хӯришҳоеро бо номҳои «кулчақанди зиндонӣ», «бисквити оддӣ», «хӯриш дар маҳбас» ва дигарон пешкаши муштариён кардааст. Ин китоб 600 номгӯ ва тартиби омода кардани хӯрокҳоро дар бар гирифтааст, ки аз сӯи маҳбусони 165 зиндони Фаронса таҳия шудааст.