баргард чоп кардан

Намозгузорон: Моҷарои муфтӣ ва хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ба масоҷиди мо таъсир кард

Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо сабаби надоштани ҳуҷҷат ва фаъолияти ғайрирасмӣ, фаъолияти 5 масҷиди намозгузорӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳия қатъ гардонда шуд.


Дар ин бора Эмомалӣ Амиров, мудири бахши дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба «Озодагон» хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин масоҷид солҳои зиёд мусалмонҳои рустоҳои наздикро барои гузоштани намоз ба ҳам меовардаанд: «Аммо ҳеч кадоме аз онҳо дар қайди ҳукумати маҳаллӣ набуданд ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гузаронидани намози ҷомеъа надоштанд. Аз ин хотир, фаъолияти онҳо муваққатан манъ карда шуд».
Дар ҳамин ҳол намозгузорон мегӯянд, ҳарчанд солҳои зиёде, ки масҷидҳо ба намозгузорӣ машғул будаанд, ягон масъуле фаъолияти онҳоро намесанҷид ва низ мамнӯъ эълон накарда буд. Танҳо баъди моҷарои муфтии ҷумҳурӣ бо хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва миёни намозгузорон қироат накардани муроҷиатномаи муфтӣ, аз фаъолияти ғайрирасмии ин масоҷид кор гирифтаанд.
Эмомалӣ Амиров, мудири бахши дин меафзояд, аз соли нав имом-хатибон ва масъулини ин масоҷид ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолият намуданро омода карда, ба Кумитаи дин пешниҳод кардаанд ва  бо дарёфти иҷозат албатта аз сари нав фаъол хоҳанд шуд.