Президенти ҶТ аз 8 сафири нав эътимоднома қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон аз дипломатҳои нави Италия, Дания, Ирландия, Словакия, Литва, Эстония, Исроил ва Ветнам эътимоднома қабул намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафирони фавқулодда ва мухтори 8 давлат – Ҷумҳурии Италия Риккардо Манара, Шоҳигарии Дания ҷаноби Йенсен, Ирландия Филипп Мак Дона, Ҷумҳурии Словакия Юрай Сивачек, Ҷумҳурии Литва Рокас Бернотас, Ҷумҳурии Эстония Яан Хейн, Давлати Исроил Хилел Нюман ва Ветнам Ле Ман Луан ба райисҷумҳури Тоҷикистон барои оғози фаъолияти сафириашон дар Тоҷикистон эътимоднома супурданд.
Зимни суҳбат бо сафирон, ки 6 нафарашон аз кишварҳои аврупоиянд, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он таъкид намуд.
Ба густариши муносибот бо давлати Исроил низ, аз ҷумла рушди робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари 9 корхонаи муштараки Ветнам дар Тоҷикистон ба дурнамои ҳамкорӣ бо ин кишвари минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ баҳои баланд дода шуд.