баргард чоп кардан

84 посухи Тоҷикистон ба суолҳои Амрико

Тоҷикистон айни ҳол барои воридшавӣ ҳам ба Иттиҳоди гумрукӣ ва ҳам ба Созмони умумиҷаҳонии савдо гуфтушунид бурда истодааст, ки ба гуфтаи масъулин яке ба дигаре халал намерасонад, зеро меъёрҳои ИГ ба СУС мувофиқа шуда истодаанд.


Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, таи ду соли охир гуфтушнид барои узвият дар СУС пурзӯр шуда, ҳам ба тариқи дутарафа ва бисёртарафа пеш рафта истодааст.  
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби СУС дар гуфтушунидҳо 32 давлат иштирок дошта, то имрӯз 15 тоашон барои гуфтушуниди дуҷониба изҳори омодагӣ кардаанд. Аз кишварҳои узви СУС то имрӯз розигиашонро барои қабули Тоҷикистон расман ду кишвар эълон кардаанд ва бо кишварҳои дигар гуфтушунидҳои бисёрҷонибаю дутарафа идома доранд. Аз ҷумла Амрико вобаста ба узвияти Тоҷикистон дар СУС 84 суол пешниҳод карда, чанде пеш дар ҳаҷми 37 саҳифа ҷавобҳои вазоратҳои дахлдори Тоҷикистонро гирифтаст.   
Масъулини Тоҷикистон мегӯянд, суолҳо марҳила ба марҳила кам шуда истодаанд.   Сарчашмаи хабар таъкид кард, ки ҳар чӣ зудтар Тоҷикистон қонунгузориашро ба меъёрҳои  СУС мувофиқ кунад, дохилшавии Тоҷикистон ба ин созмон ҳамон қадар зудтар сурат мегирад.Даври навбатии гуфтушуниди Тоҷикистон бо кишварҳои узви СУС охирҳои моҳи феврал дар Женева дар назар аст.