баргард чоп кардан

Додоҷони Атовулло: Барои идомаи муолиҷа ба Олмон меравам

Чун шумораи телефони яке аз наздикони Додоҷони Атовуллоро пайдо кардам ва ӯ ваъдаи дидор бо устодро бароям дод, пеш  аз ҳама ҳодисаи пеш аз ҳамла болои устод ёдам омад.


Зеро тавре худи устод ба расонаҳо изҳор кард, як нафари на он қадар шинос, аз тариқи нафари дигари наздик мехост дар ҳамон шаби шум бо Додоҷон сӯҳбат дошта бошад.  Тасодуф буд, ё на, аммо ҳолати ман ҳам ҳамин буд.

Баъди чанд муддати андеша, зангаш задам ва интихоби ҷойи вохӯриро барояш вогузор кардам. Оромона гуфт: "фалон қаҳвахона". Аз ин ҷавоб, ростӣ, дар ҳайрат мондам. Ҳанӯз бӯи хун аз баданаш нарафтаву ҷароҳати аз дасти номарде ба тан хӯрдааш  дармон наёфта, бе ҳарос дар қаҳвахона нишаста бо мане, ки боре ҳам надида аст ва тавассути шахси дигар муаррифӣ шудаам, сӯҳбат кардани Додоҷон бемуболиға аз ғаюрии он кас будааст, ки мегуфтанд...

Тафсилоти бештарро бо фишурдани ин линк пайдо мекунед: https://ozodagon.tj/s/item/16160