баргард чоп кардан

Исроил дар моҳи апрел ба Эрон ҳамла мекунад. Инро Панета медонад

ИМА гӯё аз нақшаи ҳамлаи Исроил болои Эрон изҳори нигаронӣ дорад ва дар ин маврид ба роҳбарони ин давлат изҳори назар кардааст.


Дар ин бора Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико дар рӯзи панҷшанбеи 2-юми феврал эълон намуд. «Исроил дар бораи ҳамла болои Эрон ба таври рӯшан фаҳмонданӣ мешавад ва ҷониби Амрико аз ин амал изҳори нигаронӣ дорад»,- гуфт ӯ зимни сафари кориаш дар Брюссел.

Ба навиштаи рӯзномаи «Вашингтон пост», роҳбари Пентагон ба назар аст, ки Исроил аллакай қарори ҷангӣ дар мавриди ҳамла болои Эронро қабул кардааст ва бо эътимоди қавӣ ин амалиёт дар моҳи апрел ба вуқуъ меояд.

Леон Панетта дар ҷамъи журналистон гуфтааст, ки назари Вашингтон бо Телавив дар бораи хатар аз ҷониби  Эрон як аст  ва ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, дар кӯтоҳтарин муддат барои пешгирии он ба ҳам оянд. Ба қавли ӯ, асоси ҷанг болои Эрон ҳамоно бунёди яроқи ҳастаӣ дар ин кишвар боқӣ мемонад ва ҳадаф низ мавқеи ҷойгиршавии онҳо мемонад. Дар ин бора ҷониби Қасри сафед ба роҳбарияти Изроил борҳо таъкид кардааст.