баргард чоп кардан

Ҷоми Рустам Долтабоев оид ба футбол имсол баргузор намешавад

Дар ҷаласаи имрӯзаи федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаи баргузории бозиҳои Ҷоми ФФТ баррасӣ гардид.


Тавре Шавкат Ахмедов, сардори шӯъбаи  мусобиқаҳои ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, бо қарори кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷойи мусобиқаи «Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев» имсол Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо хоҳад шуд. Мусобиқаи мазкур дар се минтақаи Тоҷикистон: Душанбе, Хатлон ва Суғд гузаронида мешавад.

Бино ба қавли манбаъ, имрӯз намояндагони 6 дастаи минтақаи Душанбе, тимҳои «Регар ТадАЗ»-и (Турсунзода) «Энергетик»-и (Душанбе) ССКА «Помир»-и (Душанбе), «Гвардия»-и (Душанбе), «Локомотив»-и Душанбе ва «Шодмон»-и Ҳисор дар ҷаласаи   иштирок доштанд. Аз рӯзи 12-уми феврали соли равон дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе сабқат барои дарёфти Ҷоми ФФТ оғоз меёбад

Шавкат Ахмедов илова намуд, ки чор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба бозиҳои ниҳоие, ки аз 5-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад роҳхат мегирад.Ғайр аз ин тимҳо ду дастаи беҳтарин аз вилояти Суғд ва дут ими беҳтарин аз вилояти Хатлон дар мусобиқаи ниҳоӣ иштирок мекунанд. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Барои ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва барои мақоми сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст