баргард чоп кардан

Кӯмак ба касалхонаи равоншиносӣ аз сӯи ҳукумат

Райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода чанде қабл аз беморхонаи марказии равоншиносии шимоли кишвар дидан карда, ба масъулин барои беҳтар намудани шароити зист ва таъмин намудан бо маводи хӯрока дастуру супоришҳои мушаххас  дода буд.


Зимнан, дирӯз ба беморхонаи маркази равоншиносии вилоят аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба табобатгирандагони беморхона маводи хӯрока аз қабили орд, тухм, гӯшт, биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Кормандони беморхонаи маркази равоншиносии вилоят аз дастгирии роҳбарияти ҳукумати вилоят арзи сипос намуданд.

Бояд қайд, ки ҳоло ба 84 нафар беморони руҳӣ 7 нафар  табибони рӯҳшинос хизмат мерасонанд. Беморхона барои  табобати 100 нафар  беморон мутобиқ гардонида шудааст.