баргард чоп кардан

Ҳукми қатл ба терорристон. Таҷдиди назар манъ аст

Додгоҳи олии Ироқ нисбати 3 тан терорристоне, ки соли 2010 дар калисои католикии Ироқ  мардумро ба гаравгон гирифта буданд, ҳукми қатлро  содир кард.


Бино ба гуфтаи котиби  матбуотии додгоҳи олии ин кишвар ҳар се нафари ба тероризим муттаҳам шуда, ҷурмашон тасдиқ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 31 октябри соли 2010 як гурӯҳи терорристон беш аз 100 нафар  гаравандагони  дини католикиро дар калисои Саидат ал Наҷоти Ироқ гаравгон гирифта буданд, ки ҳангоми  тасмими озодкунии гаравгонон аз сӯи нерӯҳои Амрико 52 нафар кушта ва 67 нафар захмӣ гардиданд.

Додгоҳи олии кишвар гуфтааст, ҳукми додгоҳ охирин буда, бозбинии он мамнӯъ карда шудааст. Акнун додгоҳ барои тасдиқи ҳукм қарори худро ба президенти кишвар ирсол доштааст.