баргард чоп кардан

2 миллион $ барои пироҳан ва ангуштарини Муаммар Қаззофӣ

Ангуштарини арӯсии қаззофӣ ва пироҳане, ки ӯ ҳангоми кушта шуданаш дар тан дошт, бо қиммати 2 миллион доллари амрикоӣ ба фурӯш гузошта шудааст.


Тибқи иттилои хабаргузории амрикоӣ United Press International, Аҳмад Варфалӣ,  шаҳрванди Либия бо эълонномаи таблиғотие дар як саҳифаи интернетӣ эълон намудааст, ки ӯ мехоҳад ангуштарини арусӣ ва пироҳани собиқ райиси кишварашро ба ивази 2 миллион доллар фурӯшад. Ба андешаи ӯ, ангуштарин ва пироҳани Муаммар қаззофӣ дар Аврупо бо нархи аз ин ҳам баланд харидори худро дорад.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл, яке аз тазоҳургарони Либия, бо номи «Ал-арабӣ» гуфта буд, ки Қаззофӣ аз сӯи ӯ кушта шудааст ва ангуштарини арусӣ ва пироҳанаш дар дасти ӯст.