баргард чоп кардан

6 нафар дар ҷануби Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Аз маризии сил

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ соли гузашта 491 нафар гирифторони бемории сил расман ба қайд гирифта шудаанд.


Дар ин бора Ҷӯрахон Малиқоев, сардори идораи тандурустии ноҳия ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод: «Аз ҳамин шумора, 188 нафарашон барои нахустин маротиба мубтало ба сил гаштаанд, ки нисбат ба як соли қабл 180 нафар зиёд мебошад. 13 нафар аз беморони бори аввал гирифтори сил гашта ноболиғонанд».

Манбаъ афзуд, дар соли 2011 6 бемор бо ҷурми маризии  сил ҷони худро аз даст додаанд, ки нисбат ба соле пештар 9 фавтида кам мебошад: «Аз силкасалон 63 нафарашон гирифтори сили хориҷкунанда мебошанд, ки таҳти назорати доимии табибон қарор доранд»

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Ҳамадонӣ яке аз навоҳии ташвишовар, ё ба истилоҳи русӣ «пилотний» дар вилояти Хатлон мебошад, ки бемории сил дар ин ҷо сол аз сол доман паҳн мекунад.