баргард чоп кардан

Таътили чоррӯза барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон

Талабагони макотиби мутавасситаи кишвар боз ба таътили кӯтоҳмуддат мебароянд.


Дар ин бора Сиддиқ Муборак, сухангӯи вазорати маориф ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод.Бино ба қавли ӯ, ин тасмим дар ҷаласаи изтирорӣ аз сӯи масъулини ВМ аз сар гирифта шуд ва то рӯзи 10-уми феврал барои талабагон таътили ғайритақвимӣ эълон гардидааст.

Сардиҳои рӯзҳои ахир ба ҷараёни таълими хонандагон дар манотиқи кишвар мушкил пеш овардааст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои бештар миёни хонандагони мактабҳои миёна ин қаро рӯи даст гирифта шудааст. Хонандагон пас аз таътил дар ҷараёни баъди дарсҳо ба машғулиятҳои иловагӣ барои аз худ кардани дарсҳо фаро гирифта мешаванд».

Бояд гуфт, тайи се рӯзи ахир дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон барфи зиёде борида, ҳаво тақрибан то 20 дараҷа сард шуд.