баргард чоп кардан

Ҳуқуқшиноси қонуншикан дар Душанбе боздошт шуд

Зимни амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Синои пойтахт шаҳрванд  Қаҳрамон Раҳмонови  41- сола, сокини кӯчаи Ҷ. Расулов, ҳуқуқшиноси ҶДММ «Тур-Таҷ-Челик»-и шаҳри Душанбе  бо ҷурми қалоби дастгир карда шудааст.


Тибқи иттилои ВКД, номбурда моҳи январи соли 2011, бо роҳи фиреб ба боварии    Давлатова Х. 52- сола, сокини кӯчаи  Гипрозем, даромада, манзилҳои истиқоматии ӯро, воқеъ дар кӯчаи  Гипрозем ба маблағи 25.000 доллари ИМА ва   44.000 доллари ИМА фурўхтаааст. Ӯ ваъда додааст, ки ба Давлатова Х. Б аз шаҳри  Душанбе 1 хонаи 4-ҳуҷрагӣ харида медиҳад, аммо Қаҳрамон Раҳмонов маблағи бадастовардаашро ба манфиати худ сарф намудааст. Зарари расонидашуда ҷамъ 69.000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Феълан, нисбати Қаҳрамон Раҳмонов парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.