баргард чоп кардан

Рейди масъулин дар бозору фурушгоҳҳои шимоли кишвар

Дар мавриди ҷилавгирӣ аз воридоти ғайриқонунӣ, истеҳсол, фурӯш ва паҳншавии маводҳои аудио-видеовизуалӣ аз ҷониби мақомот ва сохторҳои дахлдори вилояти Суғд ин навбат дар бозори марказии ноҳияи Спитамен рейди омӯзишӣ гузаронида шуд.


Аз ҷумла, масъулини мақомоти зирабт аз 13 нуқтаҳои фурӯш ва паҳнкунии маводи видеовизуалӣ дидан карда, ба фаъолияти ин нуқтаҳо нисбати ду нафар фурӯшандагон санад тартиб дода, 63 адад фитаҳои рӯпӯши полиэтиленӣ доштаи пастсифат, 2 адад филмҳои мамнӯъ мусодира шуданд.

Ҳамчунин, дар толори кинотеатри «Пахтакор» бо иштироки соҳибкорон ва сарвари КФД «Кино ва видео»-и ноҳияи Спитамен А. Абдураҳимов машварат доир шуд, ки дар он оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истеҳсол ва паҳнкунии маводи аудио-видеовизуалӣ, риояи ҳуқуқҳои маллиф фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар  ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.