Зимнан, Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳант ва шуғли аҳолӣ ва вакил Бек Қурбонов зимни суханронии худ аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкурро мукамал намудани қонуни амалкунанда ва мутобиқгардонии он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷ умҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қисмҳои 4, 6,11 ва 30 дар назар дошта шудааст, ки барои мукаммал намудани қонуни амалкунанда мусоидат менамояд.
Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров андешаҳои худро иброз дошта, хостори иҷрои дуруст ва ҳамаҷонибаи талаботи қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуд. Ӯ гуфт, мутаассифона, дар бештари мавридҳо дар масъалаи муайян кардани ҳаҷми маблағи нафақаи нафақахӯрон дидаву дониста ба иштибоҳҳо роҳ дода мешавад, ки дар натиҷа таъсири манфии худро ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ мерасонад. Дар ин росто, аз масъулони соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва риояи қатъии талаботи қонуни амалкунанда иқдоми ҷиддиро рӯи даст бигиранд.
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, ки дар таърихи 8 апрели соли 2011 дар шаҳриДушанбе ба имзо расидааст, пас аз суханронии муовини аввали Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Нурулло Орипов ва вакили МН Абдузафар Иномов тасдиқ шуд.
Санади мазкур бо мақсади расонидани ёрӣ ва мадади машваратӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти самарноки ҳифзи ҳуқуқ ва мусоидат намудан ба ислоҳоти милитсия ба тасвиб расидааст.