баргард чоп кардан

Боздошти директори «ширкат»-и «Ҳоҷӣ Мӯъмин Сохтмон» дар пойтахт

Зимни амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Рустам Валиеви 45- сола, сокини кӯчаи Тунис бо ҷурми қаллоби дастгир карда шуд.


Тибқи иттилои ВКД, номбурда  бо роҳи фиреб аз як сокинони пойтахт маблағи ҳангуфтеро гирифта барнагардондааст. Дар ин бора аризаи шаҳрванд  Мирзоев Б. 32 сола, сокини кучаи Будёний ирсол гардидааст.

Манбаъ афзуд, дар пайи таҳқиқи аризаи шаҳрванд Мирзоев Б. маълум гардидааст, ки Рустам Валиев  моҳи марти соли 2011 дар кўчаи Ҳусейнзода бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Мирзоев Б. даромада, худро директори ширкати «Ҳоҷӣ Мўъмин Сохтмон» муаррифӣ намудаааст. Зимнан, ӯ аз  боварии шаҳрвандон истифода карда 35.000-долларо гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш аз кӯчаи  Н. Махсум, хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад. Аммо  маблағи бадастовардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.