баргард чоп кардан

Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Хадамоти муҳоҷират таъсис меёбад

Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар назди ин ниҳод Шӯрои ҷамъиятӣ ташкил диҳад.


Ҳадаф аз ин, омода намудани пешниҳодҳо барои такмили минбаъда ва самаранок амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, баҳодиҳӣ ва азназаргузаронии пайвастаи вазъи амалишавии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бастани созишномаҳо ва шарномаҳои байналмилалию байнидавлатӣ ва гузашта аз ин, дар якҷоягӣ пиёда намудани чорабиниҳои мушаххас мебошад.

 

Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ба Шӯрои ҷамъиятӣ иҷрои вазифаҳои гуногуне аз қабили омода намудани тавсияҳо роҷеъ ба қонунгузорӣ, баррасии мушкилиҳо ва афзалиятҳои соҳаи муҳоҷират, кӯмак расонидан дар интиқоли маблағи муҳоҷирон, муҳокимаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бахши муҳоҷират, дохил мешавад. Дар пайи таъсиси ин шӯро, Хадамоти муҳоҷират ният дорад, ки ҳамкориҳои доимии зичро бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва мукаммалгардонии сиёсати давлатӣ дар қонунгузории кишвар вобаста ба соҳаи муҳоҷират, ба роҳ монад.

Манбаъ иттилоъ дод, ки феълан ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ташкил ёфта истодааст.