баргард чоп кардан

Теъдоди бекорони темурмаликиро касе намедонад. Ҳатто райиси ноҳия ҳам

Бино ба иттилои Малика Шукурова, райиси ноҳияи Темурмалик  соли гузашта дар ҳудуди ноҳия 12 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шудааст.


Дар ин ярмаркаҳо  40 нафар аз сокинон ба ҷойи кори доимӣ таъмин гашта, 20 тан аз бонувон барои касбомӯзӣ сафарбар гаштаанд.

 

Ҳамзамон, Файзиддинов Нуров, сардори шуъбаи шуғли аҳолӣ мегӯяд, дар ин муддат бо ҷалби сокинон ба соҳаи кишоварзӣ, 1010 ҷойи корӣ таъсис ёфта, 499 нафар ба кор фарогир шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар ноҳия 61 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад ва тибқи иттилоъ, 26 ҳазорашон аҳолии қобили меҳнат будаанд. Вале дар кумитаи омори ноҳия аз шумораи дақиқи бекорон ғофиланд.