баргард чоп кардан

Ли Фен Лин бо Низомиддин Зоҳидов дидору мулоқот кард

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва роҳбарони раёсатҳои дахлдори Вазорат бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти сарварии Сафир оид ба супоришҳои махсус Ли Фэнлин баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Хитойро таъкид намуда, бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар ояндаи наздик баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, масоили марбути байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои барқарорсозии Афғонистон ва баргузории Панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА V, 26-27.03.2012, Душанбе) мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.