Сокини ноҳияи Синои пойтахт зери чархи нақлиёт монд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, сарнишини нақлиёти тамғаи номаълум, аснои ҳаракат дар кӯчаи Хувайдуллоев, аз тарафи кӯчаи Карамов ба самти кӯчаи И.Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Чаманоро» қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Мунира Сафароваи 21- сола сокини кӯчаи Қабодиёнро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мунира Сафарова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи маркази миллии Тоҷикистон бистарӣ гардидааст. Феълан, барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткор аз ҷониби кормандони милитсия ҷораҳои фаврӣ ҷустуҷуӣ идома дорад.