Шоми 10-уми феврали соли равон тахминан соати 21:35 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Розиқ Бобошоеви 28 сола аснои ҳаракат дар километри 32-юми роҳи «Рошқалъа-Хоруғ» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, онро ба дарё чаппа кардааст.
Дар натиҷа ронанда ва мусофири сабукрав Маърифат Исмоиловаи 28 сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои РБДА дар шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ 3 садами нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расида, 2 тани дигар захмӣ шудаанд.