Инчунин, бо ишора ба авзои Сурия ва истифодаи ҳаққи вето аз ҷониби Русия ва Чин ӯ афзуд: «Қобили қабул нест, ки танҳо як чанд кишвар дар саросари ҷаҳон ҳукумат ронанд, он чӣ ки бояд бар ҷаҳон ҳукумфармо бошад, ин хирадмандӣ, эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ, виҷдон ва низ мунсифона рафтор кардан ҳангоми бархурд бо таҷовузгар ё касоне, ки ба чунин корҳо даст мезананд».
Абдуллоҳ ибни Абдулазиз дар охир мардуми Сурияро ба сабр ва шикебоӣ даъват намуда, суханронии худро бо ояти Қуръон «Инна-ллоҳа маа-с-собирин» хотима бахшид.