баргард чоп кардан

НБО-и «Сангтӯда-2» ба системаи воҳиди энергетикии Тоҷикистон пайваст шуд

Нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-2», ки аз ҷониби давлати исломии Эрон ва ҷумҳурии Тоҷикистон муштаран эҳдос мегардад, тавлиди нерӯи барқро зиёд мекунад.


Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин бора масъулини ин нерӯгоҳ тасмим гирифтаанд.

Ёдрас менамоем, чархаи якуми НБО-и «Сангтӯда-2» дар арафаи рӯзҳои ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта буд. Аз оғози моҳи январи соли ҷорӣ, дар рӯзҳои барои энергетикҳо душвор, қувваи барқи НБО «Сангтӯда-   2» ба Системаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст.

Гуфта мешавад, дар рӯзҳои аввали фаъолияташ дар системаи ягонаи энергетикии мамлакат ин нерӯгоҳ ҳар шабонарӯз аз 50 то 60 ҳазор киловатт- соат қувваи барқ истеҳсол мекард ва то имрӯз 8,5 миллион киловатт-соат қувваи барқ тавлид намудааст.