Абдулваҳҳоб Сатторов варзишгари тоҷик аз ҷумҳурии Қирғизистон бо медали тилло ба ватан баргашт.
Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Дар шаҳри Бишкеки ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои поси хотираи собиқ варзишгари маъруфи қирғиз Виталий Гардиев баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Шарафи кишвари моро тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар варзишгар бо роҳбарии Маҳмуди Абдулло ҳимоя намуданд. Варзишгарони тоҷик дар ҳайати даставӣ барандаи 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 нишони биринҷӣ шуданд».
Бино ба қавли манбаъ, нишони тиллоро Абдулваҳҳоб Сатторов дар вазни 82 кило ба даст овард. Фурқат Назриев дар вазни 90 кило ва Нусрат Имонов соҳиби медали нуқра гардиданд. Комрон Карликов бошад, дар вазни 74 кило нишони биринҷии мусобиқаро соҳиб шуд.