баргард чоп кардан

Суғд: Райиси вилоят аз ҳоли сокинони Ҷаббор Расулов хабар мегирад

Баргузории мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо сокинон ва намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ахиран райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода даври сеюми мулоқот бо аҳолии шаҳру навоҳии вилоятро оғоз намуд.

Гуфтанист, нисбати муроҷиати шаҳрвандон, баррасии арзу шикояти меҳнаткашон, мусоидати ҳалли саривақтии онҳо мулоқоти райиси вилоят санаи 27 феврали соли ҷорӣ бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи воқеии зиндагии сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқот баргузор мегардад.Шаҳрвандони ноҳияи мазкур андешаҳо, арзу дархост ва пешниҳодҳои худро ба нишонаи электронии hukumat-tj@mail.ru ,  ё худ тариқи телефони 6-72-03  ирсол намуда метавонанд.