баргард чоп кардан

480 грамм ҳероин аз бадани як мусофир дарёфт гардид

Кормандони раёсати минтақавии гумруки Кӯлоб даҳаи аввали ҳамин моҳ дар фурудгоҳи шаҳр  аз интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ намуданд.


Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», аснои тафтиши мусофирони хатсайри Кӯлоб-Маскав, Баҳовуддин Алимов боздошт гардид.

 

Аснои ташхиси табибон аз бадани ӯ 124 бандча дар ҳаҷми умумии 480 грамм маводи сахттаъсири ҳероин ошкор гардид. Ҷумъахон Раҷабов, сардори раёсати мазкур дар иртибот ба ин гуфт, соли гузашта низ аз ҳамин фурудгоҳ маводи нашъадор, ки ба воситаи ширинии тут интиқол дода мешуд, аз бағоҷи як мусофир ошкор ва мусодира гашта буд.

Дар ҳамин ҳол, кормандони  раёсати гумруки Кӯлоб соли 2011-ум 44 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукиро кашф намуда, нисбат ба 3 тан аз ҷинояткорон парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонида, ба мақомоти судӣ ва прокуратура ирсол кардаанд.