баргард чоп кардан

Муаррифии феҳристи мавзеҳои таърихии Тоҷикистон дар Душанбе

Кен Гросс, сафири ИМА дар ҶТ ва Вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ дар маросими рӯнамоии  феҳристи мавзеҳои таърихии  Тоҷикистон суханронӣ намуданд.


Феҳристи мазкур аз ҷониби Хазинаи дипломатии  ИМА доир ба ҳифзи мероси фархангӣ бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ маблағгузорӣ гардида, мавзеҳои  муҳимтарини таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

 

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ИМА иттилоъ доданд, лоиҳаи Хазинаи Сафирони ИМА аз ду марҳила иборат буда, баҳри таҳқиқ ва таҳия кардани феҳристи мавзеҳои муҳимтарини таърихии Тоҷикистон равона шудааст.  Ин тарҳ моҳи сентябри соли 2006 оғоз гардида, моҳи декабри соли 2011 анҷом ёфтааст. Ҳукумати ИМА барои таҳқиқ ва нашри китоб маблағи 61,800 доллари амрикоро ҷудо намудааст.

Гуфта мешавад, дар рафти татбиқи лоиҳа гурӯҳҳои корӣ иборат аз коршиносони Вазорати фарханг, АУ ва ДМТ беш аз 500 мавзеҳои таърихӣ ва ҳайкалҳоро дар тамоми вилоятҳои Тоҷикистон сабт карда, номнавис намуданд.Зиёда аз 150 адади онҳо дар феҳристи нашршуда, сабт гардидаанд.

Бойис ба тазаккур аст, ки аз  оғози  ин барнома, Хазинаи Сафирони ИМА доир ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ҳашт лоиҳаро бо маблағи зиёда аз  390,000  доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон ба монанди ҳифзи мақбараи асри IX Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус  ва барқарорсозии ҳайкали калонтарини Буддо дар Осиёи Марказӣ, дастгирӣ намудааст.