баргард чоп кардан

Гул Шералӣ аз «DWM Petroleum» тақозои омодагии бештар дорад

Ширкати «DWM Petroleum»-и Швейтсария дар Тоҷикистон барои пармакунии чоҳҳои зеризаминӣ омодагӣ мебинад.


Дар робита ба масъалаи ҳарчӣ зудтар омода кардани корҳои пармакунӣ Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат бо роҳбарияти ширкати «DWM Petroleum» (муассиси ҶМСП «Сомон-ойл») мулоқот анҷом дод.

Тавре аз  Вазорати энергетика ва саноат ба хабагузории «Озодагон» иттилоъ доданд,  тибқи лоиҳа аз ҷониби ҶМСП «Сомон-ойл» то имрӯз аллакай 600 километри тӯлонӣ корҳои сейсмоиктишофӣ  ба анҷом расонида шуда, 250 км тӯлонии дигар боқӣ мондааст: «Лоиҳаи корҳои пармакунӣ дар марҳилаи ба анҷом расонидан қарор дорад».

Зимни ин ҳамоиш намояндагони «DWM Petroleum» қайд намудаанд, ки ширкат барои рушди корҳои сейсмоиктишофӣ ва пармакунӣ тавассути  ҶМСП «Сомон-ойл»  маблағҳои иловагиро барои пешбурди корҳо тахсис хоҳад дод.