баргард чоп кардан

Вазири маорифи Тоҷикистон дар Тошканд. Фардо ба тамошои Самарқанд меравад

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ дар кори Конфронси байналмилалӣ дар Тошканд ширкат меварзад.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин вазорат ҳамойиш таҳти унвони “Омодакунии насли маърифатпарвар ва зеҳнан инкишофёфта ҳамчун шарти муҳимтарини рушди устувор ва муосирсозии кишвар” рӯзи 16 феврали 2012 шурӯъ гардид.

Манбаъ афзуд, дар чорчӯби конфонс мулоқоти Вазири маорифи Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбакаш Темир Ширинов сурат пазируфт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба низомҳои маорифи амалкунандаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор намуда, инчунин дурнамои ба роҳ мондани ҳамкории пурсамарро миёни муассисаҳои соҳаи маорифи ҳарду кишвар муҳокима карданд: «Баъд аз зӯҳри 16-уми феврал, ҳайати расмии  Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, таҳсилоти умумӣ ва махсусгардонидашудаи ш. Тошканд шинос шуданд. Ҳайат аз Коллеҷи геодезия ва харитасозӣ, Коллеҷи технологияҳои иттилоотӣ, Коллеҷи алоқаи Тошканд, мактабҳои миёнаи № 28, № 50, № 243 ва Литсеи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи мусиқии академиявии ба номи Владимир Успенский боздид кард».

Гуфта мешавад, рӯзи 18-уми феврал иштирокчиёни ҳамойиш аз мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Самарқанд дидан карда, баъд аз он ба ватан бармегарданд.