баргард чоп кардан

1200 пешниҳод барои лоиҳаи Кодекси нави андози ҶТ дар таҳрири нав ворид гардид

Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав чанд иқдоми ҷиддиро дар самти таҳрири Кодекси ҷадид амалӣ сохт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин комиссия иттилоъ доданд, он дар ҳайати намояндагони вазорату идораҳо, иттиҳодисоҳибкорони Тоҷикистон барои муҳокимаи тавсияҳо ва пешниҳодҳо ба лоиҳаи кодекси мазкур дар таҳрири нав таъсис дода шудааст.

Бино ба иттилои расида, аз аввали фаъолияти кории Комиссия аз тарафи  ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ассотсиатсияҳо, соҳибкорон ва инчунин шахсони инфиродӣ барои таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав зиёда аз 1200 пешниҳодҳо ва тавсияҳо ворид гардидааст: «Ҳамаи пешниҳодҳои воридшуда аз тарафи коршиносон таҳлил шудааст ва ба ҷадвали ягонаи аналитикӣ муттамарказонида шуда, ба сомонаи интернетии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -   loihaiqonun.gov.tj ворид карда шудааст.

Гуфтанист, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида,  ба вазорату идораҳо барои баррасӣ ва пешниҳод намудани хулосаю пешниҳодот ва тавсияҳо ирсол карда мешавад.

Барои ҳамаи масъалаҳо доир ба  ирсоли пешниҳод ва тавсияҳо оид ба ислоҳоти  қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин барои гирифтани маълумоти муфассал оиди фаъолияти Комиссия, хоҳиш мешавад, ки ба сомонаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - loihaiqonun.gov.tj  ё ин ки ба суроғаи электронӣ – dnp77@mail.ru муроҷиат намоед.