Алайҳи Эрон бояд таҳримҳои шадидтару таъсирбахш ҷорӣ карда шавад.
Бино ба гузориши хабаргузорҳои хориҷӣ, ин суханонро вазири дифои Исроил Эҳуд Борак рӯзи панҷшанбе, 16.02.2012 , зимни суханронии худ дар як гирдиҳамоие дар Токио, пойтахти Ҷопон баргузор шуд, иброз намудааст. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ҳарчӣ бештар алайҳи Эрон таҳримҳои муассире ҷорӣ намоянд. Зеро, ба андешаи ҷаноби Эхуд таҳримҳое, ки то кунун алайҳи Эрон ҷорӣ шудаанд, ҳеч таъсире ба барномаҳои ҳастаии он кишвар нагузоштаанд.
Ҳамзамон Борак таъкид бар он намуд, ки ҳадафҳои ҳастаии Эрон оқибатхои ногуворе ба бор хоҳад овард.