баргард чоп кардан

Райиси шаҳри Ваҳдат ва «вазъи фавқулодда» дар минтақа

Чанд рӯз қабл як қарори раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба дастам расид, ки иборат аз 10 нукта буд.


Дар он аз ҷумла омадааст "рафти иҷрои талаботи Конунҳои Чумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд" дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта зери назорати қатъӣ гирифта шавад".

Дар қарори раиси шаҳри Ваҳдат таъкид шудааст, ки "дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи протоколи мазкур (яъне ҳамин қарор) фаъолияти динии масҷидҳо боз дошта мешавад". Ба назари ин ҷониб мурод аз қабули ҳамин се қонуни зикршуда, ки марбут ба масҷид, намоз, таълими динии наврасон, мавъиза гуфтан ва умуман ба ибодату муллоҳо ва аҳкому аркони шаръӣ дахолат доранд, танзими ҳамин масоил, ки асли зистан, маънии бандагӣ ҳам дар ҳамин аст, яъне марбут ба шеваю роҳу равиши мусалмонии мо мебошад.

Тафсилоти комил бо фишурдани ин линк дастрас мешавад: https://ozodagon.tj/s/item/16188