баргард чоп кардан

Забту мусодираи 3 кило маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон

Тавре ба хабарнигори «Озодагон» аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Сомониёни шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен, дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи марказии ноҳияи мазкур, шаҳрванд К.З, сокини 42- солаи  ҳамин ноҳия дастгир карда шудааст.


Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дасти чапаш як адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 3-адад бастаҳои бо маводи ҷигарранги фишурдашудаи бӯи махсус дошта дарёфт в мусодира карда шудааст. Мувофиқи маълумоти  ташхисӣ, маводи мазкур навъи хашиш буда, вазни хоси он 3 кг 05 гр-ро ташкил намудааст.

-Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 3 ( муомилоти ғайриқонунии  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорхо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад,- афзуд манбаъ.