баргард чоп кардан

Эрон ба Аврупо шарт мегузорад

Эрон барои минбаъд содир кардани нафт  ба Аврупо cе шарти худро пешниҳод намуд.


Тибқи гузориши хабаргузории "Reuters" вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар ҳузури сафирони шаш кишвари аврупоӣ- Португалия, Фаронса, Юнон, Испания ва Италия барои идома ёфтани содироти нафт ба кишварҳои мазкур шартҳои худро эълон намуд.Ин шартҳо кафолати дастрас намудани маблағи нафти худ, бастани шартномаҳои дарозмуддат аз 3 то 5 сол ва бинобар шартҳои «Форс-мажор» бекор кардани ҳаргуна ҳаққи пардохт барои нақзи қарордодҳои нафтӣ аз сӯи кишварҳои мазкур.

 

Ёдовар мешавем, ки кишварҳои зикрёфта аз ҷумлаи ниёзмандони нафти Эрон ба шумор мераванд.