Макотиби ҳамагонии Русия аз масъулин супориш гирифтаанд, то китоби “Владимир Путин, волидайн, дӯстон, устодон”, ки ба қалами раҳбари синфи сарвазири вақти Русия Вера Гуревич мутааллиқ аст, харидорӣ намоянд.
Ин дастури раҳбарони хадамоти маорифи Русия мухолифини муддаии аслии курсии раисҷумҳур дар интихоботи навбатиро сахт ба ғазаб овардааст. Дар ҳоле ки масъулини соҳаи маориф харидорӣ шудани теъдоди аъзами китобро тасмими худи сарварони макотиб медонанд, аммо бино ба навиштаи “Коммсерсантъ”аксари раҳбарони мактабҳо изҳор кардаанд, ки ин амал дастуре “аз боло” будааст.
Ҳарчанд ин китоб чанд сол пеш ба нашр расида ва чанд маротиби дигар бознашр шудааст, мухолифинро маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ тасмими тақсими ихтиёрӣ-маҷбурии масъулин сахт оташин кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Наталя Сенникова, вазири маорифи вилояти Твер, ки тақсими ихтиёрӣ-маҷбурии китоби саргузаштии ВВП аз ҳамин минтақа сарчашма мегирад, бо ҳимоят аз худу ҳаммаслаконаш гуфтааст, “мо фанни таърихи муосир дорем ва ёддоштҳо дар бораи сарвазир аз нуқтаи назари илми таърих хеле аҷиб аст”.