баргард чоп кардан

Таркиш дар Маскав: Ду ҳамватани мо ҷароҳат бардоштанд

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин ду нафар Мирзокаримов Илҳом, сокини ноҳияи Турсунзода ва Мавлододов Руслан мебошанд, ки дар ҳолати вазнини сӯхтани баданашон ба бемористон интиқол ёфтаанд.

 


-Вазъи Илҳом Мирзокаримов вазнин буда, беш аз 90 дар сади аъзои баданаш сӯхтааст ва феълан дар бемористони Люберсии вилояти Маскав дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.

Мавлододов Руслан бо ҷароҳатҳои миёна дар бемористони Дмитров ба табобат фаро гирифташ шудааст,-афзуд манбаъ.

Ёдовар менамоем, ки таркиш ва пасон сӯхтор дар яке аз ошхонаҳои ҳудуди қисми низомӣ бар асари риоя накардани қоидаҳои сӯхтор, аниқтараш бо лампаи бензинӣ гарм кардани лӯлаи газ аз сӯи кормандони ошхона, ки аксаран муҳоҷирин будаанд, ба амал омадааст.

Феълан, сафорати Тоҷикистон барои кӯмак ва дастгирии шаҳрвандон тамоми чораҳор мебинад.