баргард чоп кардан

Баҳром Ҳамроев ба тазоҳуроти навбатӣ омодагӣ мегирад. Ин навбат алайҳи президент

Баҳром Ҳамроев, як ҳомии ҳуқуқи инсон ва коршиноси ҷамъияти “Мемориал”-и Маскав мегӯяд, алайҳи тасмимоти Тошканд дар қиболи бастани сунъии роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон тазоҳуроти эътирозӣ доир хоҳанд кард.


Дар сӯҳбати вижае, ки мавсуф бо хабарнигори масковии “Озодагон” дошт, қайд кард, ки: «Аллакай навиштаҷоту шиорҳо барои баргузории тазоҳуроти эътирозӣ омода шудаанд. Танҳо аз шаҳрдорӣ иҷозаи доир кардани ҳамойишро интизоранду бас»

-Ба таври сунъӣ бо баҳонаи корҳои тармимиву профилактикӣ бастани роҳи оҳан, ба душворӣ мувоҷеҳ намудани мардум, боздошти масолеҳу анво нақзи рӯйирости ҳаққи инсон аст ва аз ин рӯ мо алайҳи ин тасмими Тошканд ва умуман режими Ислом Каримов дар самти афрӯхтани низоъ миёни ду қавм,  тоҷикону  ӯзбакон эътироз хоҳем кард, -изҳор дошт Баҳром Ҳамроев.

Аммо ҷаноби Ҳамроев санаи баргузории ҳамойиши эътирозиро дақиқ маълум накард.

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон”- ро бо Баҳром Ҳамроев дар фурсати наздик мутолиа хоҳед кард.