баргард чоп кардан

ИА: Таҳримҳои Эрон хандаоваранд

Иттиҳоди Аврупо захираи хубе аз нафти хом намудааст ва ин таҳримҳои Эрон ба он ҳеч ваҷҳ мушкили ҷиддие пеш нахоҳад овард.Ин суханонро  Себастян Брабант,  сухангўи бахши сиёсати хориҷаи ИА  зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст.


 

Аз сўи дигар вазири умури хориҷаи Фаронса  Ален Жюппе низ ин иқдоми Эронро   хеле хаёлпардозона шуморида, гуфтааст: «Мо худ тасмим гирифта будем, ки воридоти нафти хомро аз Эрон қатъ намоем».

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл вазорати хориҷаи Эрон  бинобар таҳримҳои ҷорӣ намудаи ИА алайҳи он қатъ гардидани  содироти нафти худро ба Фаронса ва Британия эълон намуда буд.