баргард чоп кардан

Ҳушдори вазири маорифи Тоҷикистон ба нашриёту матбааҳо

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон роҳбарону намояндагони нашриётҳоеро, ки ба чопи китобҳои дарсӣ машғуланд, вазифадор кард, ки то 2-уми марти соли равон китобҳои боқимондаро нашр карда ба вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод намоянд.


Тавре Сиддиқ Муборак, сухангӯи ВМ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ин нуктаро вазир зимни як нишасти вижа бо масъулини соҳа иброз дошт.

-Нуриддин Саидов дар мавриди ба таъхир афтодани мӯҳлати нашри қисми зиёди китобҳои дарсӣ аз сӯи нашриётҳо ноширонро интиқод намуд,-афзуд манбаъ.

Оқои Муборак илова кард, ки алъон  31 номгӯи китоби дарсӣ дар дасти чоп аст, танҳо се номгӯй пурра ва боқимондааш қисман ва ё тамоман нашр нашудааст. Гуфтанист, тибқи  қарордоди вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва нашриётҳо, аз мӯҳлати иҷрои чопи китобҳои дарсӣ 6 моҳ сипарӣ гардидааст: «Саидов зимни мулоқот ълом дошт, ки афзалият ба он нашриётҳо дода  мешавад, ки китобҳои дарсиро саривақт ва бо сифати баланд чоп намоянд».