баргард чоп кардан

ВКД: Боздошти як бону бо иттиҳоми ғасби замин

Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон шаҳрванд Муродгул Пироноваи 45 сола боздошт гардид. Номбурда бо ҷурми худсарона ишғол намудани қитъаи замин дастгир шудааст.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, Пиронов сокини ҷамоати Киров, деҳаи Тоҷикистон буда, айни замон дар ягон ҷой фаъолият намекунад: «Ӯ бе ягон ҳуҷҷати расмӣ аз заминҳои фонди захиравии корами ҷамоати Киров қитъаи заминро аз они худ карда, дар онҷ о манзили истиқоматӣ сохтааст».

Феълан, нисбати ин ҳодиса  парвандаи ҷиноӣ боз гадрдида, тафтишот идома дорад.