баргард чоп кардан

Раиси Федератсияи футболи Душанбе иваз карда шуд

Хуршед Мирзоев раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб шуд.


Тавре Фаридун Солиев, сухангӯи ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод,   раҳбари нави Федератсияи футболи пойтахти кишвар имрӯз, 24-уми феврал, дар конфронси ҳисоботию интихоботии ин ниҳод баргузида шудааст.
Хуршед Мирзоеви 28-сола, ки дар ин вазифа Мадвалӣ Исоевро иваз кард, аъзои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ноиби президенти тими «Истиқлол»-и Душанбе мебошад. Анвар Мирзоев, собиқ дарвозабони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, муовини ӯ итихоб шуд.
-Мо асосан барои фароҳам овардани шароит баҳри рушди футболи кӯдакону наврасон кӯшиш хоҳем кард,- мегӯяд Хуршед Мирзоев.